Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
 
Ин номаро ба ҷавононе менависам, ки виҷдони бедорашон онҳоро ба дифоъ аз кӯдакону занони мазлуми Ғазза барангехтааст.
 
Ҷавонони азизи донишҷӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ин паёми ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мо бо шумост. Шумо акнун дар тарафи дурусти таърих, ки дар ҳоли варақ хӯрдан аст, истодаед.
 
Шумо акнун бахше аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил додаед ва дар зери фишори бераҳмонаи давлататон, ки ошкоро аз режими ғосиб ва бераҳми саҳюнист дифоъ мекунад, муборизаи шарофатмандонаро оғоз кардаед.
 
Ҷабҳаи бузурги муқовимат(мӯбориза бо зӯлм) дар нуқтаи дур, бо ҳамин идрок ва эҳсосоти имрӯзи шумо, солҳост мубориза мекунад. Ҳадафи ин мубориза, таваққуфи зулми ошкоре аст, ки як шабакаи террорист ва бераҳм ба номи «саҳюнистҳо», аз солҳо пеш бар миллати Фаластин ворид сохта ва пас аз тасарруфи кишварашон, онҳоро зери сахттарин фишорҳо ва шиканҷаҳо гузоштааст. Наслкушии имрӯзи режими апартайди саҳюнист, идомаи рафтори ба шиддат золимона дар даҳҳо соли гузашта аст.
 
Фаластин як сарзамини мустақил аст бо миллате муташаккил аз мусулмон ва масеҳӣ ва яҳудӣ ва бо собиқаи таърихии тӯлонӣ. Сармоядорони шабакаи саҳюнистӣ пас аз ҷанги ҷаҳонӣ, бо кумаки давлати Англис, чанд ҳазор террористро ба тадриҷ вориди ин сарзамин карданд; ба шаҳрҳо ва рустоҳои он ҳуҷум бурданд; даҳҳо ҳазор нафарро куштанд ё ба кишварҳои ҳамсоя ронданд; хонаҳо ва бозорҳо ва мазрааҳоро аз дасти онон берун кашиданд ва дар сарзамини ғасбшудаи Фаластин, давлате ба номи Исроил ташкил доданд.
 
Бузургтарин ҳомии ин режими ғосиб, пас аз нахустин кумакҳои англисӣ, давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, ки пуштибониҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва таслиҳотӣ аз он режимро яксара идома дода ва ҳатто бо беэҳтиётии ғайри қобили бахшиш, роҳ барои тавлиди силоҳи ҳастаиро ба рӯи ӯ гушӯда ва ба ӯ дар ин роҳ кумак кардааст.
 
Режими саҳюнист аз рӯзи аввал, сиёсати «мушти оҳанин»-ро дар баробари мардуми бедифои Фаластин ба кор гирифт ва беэътино ба ҳамаи арзишҳои виҷдонӣ ва инсонӣ ва динӣ, рӯз ба рӯз бар бераҳмӣ ва террор ва саркубгарӣ афзуд.
 
Давлати Амрико ва шариконаш, ҳатто аз як ахм (рӯ турш кардан) дар баробари ин терроризми давлатӣ ва зулми мустамир, дареғ карданд. Имрӯз ҳам бархе изҳороти давлати Иёлоти Муттаҳида дар қиболи ҷинояти ҳавлноки Ғазза беш аз он чи воқеӣ бошад, риёкорона аст.
 
“Ҷабҳаи муқовимат” аз дили ин фазои торик ва яъсолӯд сар баровард ва ташкили давлати “Ҷумҳурии Исломӣ” дар Эрон, онро густариш ва тавоноӣ дод.
 
Сардамдорони саҳюнизми байналмилалӣ, ки бештарин мақарҳои расонаӣ дар Амрико ва Аврупо мутааллиқ ба онҳо ё зери нуфузи пул ва ришваи онҳо аст, ин муқовимати инсонӣ ва шуҷоонаро терроризм муаррифӣ карданд!
 
Оё миллате, ки дар сарзамини мутааллиқ ба худ дар баробари ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнист аз худ дифоъ мекунад, террорист аст? Ва оё кумаки инсонӣ ба ин миллат ва тақвияти бозӯҳои ӯ кумак ба терроризм ба ҳисоб меояд?
 
Сардамдорони султаи қаҳромези ҷаҳонӣ, ҳатто ба мафоҳими башарӣ ҳам раҳм намекунанд. Режими террорист ва бераҳми Исроилро дифоъкунанда аз худ вонамуд мекунанд ва муқовимати Фаластинро, ки аз озодӣ ва амният ва ҳаққи таъини сарнавишти худ дифоъ мекунад, “террорист” меноманд!
 
Ман мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки имрӯз вазъият дар ҳоли тағйир аст. Сарнавишти дигаре дар интизори минтақаи ҳассоси ғарби Осиё аст. Бисёре аз виҷдонҳо дар миқёси ҷаҳонӣ бедор шуда ва ҳақиқат дар ҳоли ошкор шудан аст. Ҷабҳаи муқовимат ҳам неруманд шуда ва нерумандтар хоҳад шуд. Таърих ҳам дар ҳоли варақ хӯрдан аст.
 
Ба ҷуз шумо донишҷӯёни даҳҳо донишгоҳ дар Иёлоти Муттаҳида, дар кишварҳои дигар ҳам донишгоҳҳо ва мардум ба по хостаанд. Ҳамроҳӣ ва пуштибонии устодони донишгоҳ аз шумо донишҷӯён ҳодисаи муҳим ва асаргузоре аст. Ин метавонад дар қиболи шиддати амали полисии давлат ва фишорҳое, ки бар шумо ворид мекунанд, то андозае оромишбахш бошад. Ман низ бо шумо ҷавонон эҳсоси ҳамдардӣ мекунам ва истодагии шуморо арҷ мениҳам.
Дарси Қуръон ба мо мусулмонон ва ба ҳамаи мардуми ҷаҳон, истодагӣ дар роҳи ҳақ аст: فَاستَقِم كَما أُمِرتَ ; “Пас, ҳамон гуна ки дастур ёфтаӣ, истодагӣ кун” (Сураи Ҳуд, ояти 112) ва дарси Қуръон дар бораи иртибототи башарӣ ин аст: на ситам кунед ва на зери бори ситам биравед: لا تَظلِمونَ وَلا تُظلَمونَ; (Сураи Бақара, ояти 279); ҷабҳаи муқовимат(мӯбориза бо зӯлм) бо фарогирӣ ва амал ба ин дастурҳо ва садҳо монанди он ба пеш меравад ва ба пирӯзӣ хоҳад расид; ба хосту иродаи Худои Мутаол.
 
Тавсия мекунам бо Қуръон ошно шавед.
 
Сайид Алии Хоманаӣ
 
2024/5/25
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст