Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт
 
Фаро расидани иди саъиди Фитрро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон махсӯсан мардуми шарифи мусулмони Тоҷикистон аз самими қалб табрик ва таҳният арз мекунем.
 
 Аз Худои Муттаол мехоҳем, ки бароятон саломатӣ, рӯзгори обод ва хушиву саодатро насиб гардонад ва то соли баъд моро дар паноҳи худаш нигаҳ дорад.
 
Тамоми рӯзаву намоз ва тиловати Қуръону бандагии мусулмононро дар ин моҳи шариф ба наҳви аҳсан иншоаллоҳ бипазирад ва ҳамаи моро мавриди раҳмату мағфират қарор диҳад.
 
 Худоё, ба баракати ин моҳу иди шариф, ҳамаи мусулмононро дар анҷоми бандагӣ тавфиқ ато кун ва саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва комёбиҳои фаровон насиб гардон!
 
 Худоё, мардуми мазлӯми Фаластинро аз дасти Исроили золим наҷот бидеҳ ва дӯшманони динро агар қобили ҳидоят нестанд хору расво ва нобуд бигардон!
 
 Парвардигоро, гӯзаштагони моро биёмӯрз ва мӯҳоҷирону ғарибонро солиму комёб ба ватан баргардон, беморонро шифо деҳ ва зиндониёни ба ноҳақро озод гардон ва ҳамаи моро ба мақсадҳои нек ва салоҳамон бошад, бирасон!
 
Бояд мо Тоҷикон дар дунёи имрӯз ҳӯшёру доно бошем, ин ҳама ҷангу ноамниҳое, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон мебинем аз ҷаҳлу худхоҳӣ инсонҳои сарватандӯз ва капиталистон аст, ки сабаби ҷангҳо мешаванд. Роҳи наҷоту солим мондани ҳар миллате аз дасти капиталистон ва фитнагарон, хӯдшиносӣ, иттиҳод ва такя намудан ба насли ҷавон ва фарзандони хӯд мебошад, на нерӯҳои хориҷӣ ё иҷоравӣ. Барои ҳамин ҳамеша ҷавонон ва фарзандонро бояд бо илму маърифат, ҳӯнару ахлоқи нек таъмин ва боқувват намӯд, то заъиф ва ниёзманди капиталистон (мӯҳоҷир) нагарданд ва ҳамеша олиму бовафо дар хизмати падарону модарон, фарҳангу ватани хӯд вафодор бимонанд ва пешрафт ва хайри дӯнё ва охиратро сарбаландона бибинанд, чӯнки мо Тоҷикон мардӯми шариф ва решадорем ва хоҳем буд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст