Рамазон моҳи хубу хоси Худост,
Рамазон соати махсӯси саност.
Тавбаи моҳи шарифи Рамазон,
Дастгири ҳама дар рӯзи ҷазост.
Рамазон моҳи мӯборакқадам аст,
Рамазон лаҳзаи бахшишу атост.
Рамазон моҳи мӯборакрақам аст,
Рамазон қуллаи болои вафост.
Баҳра гирад ҳама кас аз Рамазон,
Рамазон сар ба сараш файзу сахост.
Шоҳроҳе, ки ба ҷаннат бубарад,
Рамазон садди раҳи хавфу балост.
Кинавар нест яқин мақбули Ёр,
Рамазон бар дили озода давост.
Тоат аз дил бинамо, ки дари Ҳақ,
Бегумон дар Рамазон бар ҳама вост.
Дасти афтода гирифтан ҳӯнар аст,
Сипари мардӯми бахшанда дӯост.
Рамазон мужда расонад зи наҷот,
Гарчи сайёра гирифтори вабост.
Мо надорем, Худо, тоқати дард,
Бахш моро, гӯнаҳ аз ҷониби мост.
Муаллиф: Синои Абӯали