Ҳӯнарманди мардӯмӣ, овозхон ва фалаксарои маърӯфи Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал дар синни 74-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Ба қавли ҳӯнармандон ва ҳамкасбонаш, зиндаёд Давлатманд Холов барои ҷаҳонӣ кардани фалак(мадҳ ва навҳасароӣ) саҳми арзандаи гӯзошт.
Даргӯзашти Ӯро дӯстону ҳамовардонаш талафоти бузӯрг барои ҳӯнару санъати тоҷик унвон карда, гӯфтанд, ки марҳӯм дар ҷаҳонӣ шудани фалак саҳми арзандаи гӯзошт.
Давлатманд Холов фалакро ҷаҳонӣ кард.
Ҷӯрабек Мӯродов, Ҳӯнарпешаи мардӯмии СССР ва Тоҷикистон, имрӯз зимни сӯҳбат ба расонаи “Азия-Плюс” гӯфт, “Давлатманд Холов идомадиҳандаи роҳи устод марҳӯм Одина Ҳошим буд, ин роҳро бисёр зебо тай кард ва барои санъати тоҷик хидмати бузӯрг анҷом дод”.
Ҷӯрабек Мӯродов гӯфт, ки соли 1983 нахӯстин бор бо Давлатманд Холов дар барномаи 20-солагии фаъолияти эҷодияш суруди “Эй дило дил”-ро иҷро карданд ва ҳамин буд, ки аз он сол бо марҳӯм робитаи дӯстӣ пайдо намӯд.
Ин овозхони маърӯф гӯфт, фалак(мадҳ ва навҳасароӣ) дар вуҷӯди Давлатманд Холов ҷой гирифта буд ва ҳарҷое рафт, ба василаи фалак халқи тоҷик ва давлати Тоҷикистонро ба муаррифӣ кард.
“Давлатманд Холов дар муаррифии санъати тоҷик дар берун аз кишвар саҳми бузӯрг гӯзошт. Ӯ баъди устод Одина Ҳошим фалакро ҷаҳонӣ кард. Бо ӯ ба сафарҳои ҳӯнарӣ ба кишварҳои Аврупову Амрико ва аксар кишварҳои шӯравӣ рафтем. Шоҳиди ба ҳӯнари фалаксароии Давлатманд Холов кафкӯбӣ(дастзанӣ) кардани халқҳои гуногӯни ҷаҳон будам”, - гӯфт Ҷӯрабек Муродов.
Ӯ афзӯд, “Давлатманд Холов дар Эрону Афғонистон дӯстдорон ва ҳаводорони зиёд дошт. Мо дар замони ҷангҳои шадид ба Афғонистон сафари ҳӯнарӣ доштем. Давлатманд марди хеле боғайрат буд. Дар Эрон ҳам дидам, ки чӣ хел ба ҳӯнари баланду навозандагии зебои Давлатманд каф(даст) мекӯфтанд”.
Ҷӯрабек Муродов таъкид кард, ки “Давлатманд Холов сарояндаи маҳал не, сарояндаи миллат буд ва акнун дарди фироқи ин дӯсти боҳӯнар барои ман сахт аст. Инсон бояд чунон зиндагӣ кунад, ки пас аз маргаш мардӯм “ҳайф” гӯянд. Давлатманд чунин зист ва имрӯз ман ҳайф мегӯяму афсӯс мехӯрам”.
“Давлатманд устоди хубу инсони нек буд”
Файзалӣ Ҳасанов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз фалаксароёни дигари тоҷик ҳам зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гӯфт, Давлатманд Холов тавонист, санъати фалакро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад ва ҷиҳати сабти фалак дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии(маънавӣ) ЮНЕСКО саҳми босазо гӯзорад.
Ба гӯфтаи Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманд Холов устоди хуби санъати фалаксароӣ бӯд ва даргӯзашти Ӯ дар санъати тоҷик талафоти сангин маҳсӯб мешавад.
“Давлатманд Холов сар то по ҳӯнар буд ва барои муаррифии санъати тоҷик зиёд талош кард ва ба мақсадаш ҳам расид. Ӯ барои ҷаҳонӣ шудани фалак саҳми бузург гӯзошт ва дигар фалак бо номи Давлатманд Холов пайванди ногӯсастанӣ дорад ва таърих инро фаромӯш нахоҳад кард”, - гӯфт Файзалӣ Ҳасанов.
Ӯ афзӯд, ки қариб 20 сол ҳамроҳи Давлатманд Холов дар ансамбли давлатии “Фалак” кор кардааст ва марҳӯм барояш устоди хуби санъат ва дӯсти хубу самимӣ маҳсӯб мешавад.
“Давлатманд Холов дар баробари устоди санъат будан, инсони бомаърифат ва комил буд. Устод шеърфаҳм буд, бештар ғазал месуруд ва барои шогирдон ҳам талқин мекард, ки шеъре интихоб кунанду оҳанг банданд, ки маънӣ ва вазни паст надошта бошад”, - ба ёд овард Файзалӣ Ҳасанов.
Ин санъаткор иброз дошт, “Давлатманд Холов чанд рӯзе, ки дар беморхона бистарӣ буд, ба аёдаташ мерафтам, аҳволпӯрсӣ мекардам, дилбардорӣ мекардам, ки ин рӯзҳо паси сар мешаванд”.
“Аммо афсӯс... Риштаи умраш ҳамин қадар будааст, он канда шуд ва аз миёни мо рафт. Давлатманд барои мо давлат буд, бойгарӣ буд, аз миёни мо рафт”, - афзӯд Файзалӣ Ҳасанов.
Ба қавли Файзалӣ Ҳасанов, дар раванди фаъолияташ дар ансамбли “Фалак” ҳам шогирдони зиёд тарбият кард, фарзандаш низ роҳи падарро пеш гирифт ва акнун роҳи ӯро онҳо идома медиҳанд.
“Як умр дар хидмати халқ будам”
Давлатманд Холов яке аз чеҳраҳои санъати фалаксароӣ маҳсӯб мешуд ва бори охир дар мӯсоҳиба бо “Азия-Плюс” гӯфт буд, ки “як умр дар хидмати халқ будам ва ҳамеша бо садои зинда ба ҳаводорони фалак суруд мехондам, ҳоло ҳам чуноне ҳастам, ки будам, ба хидмати мардӯм камар бастаам ва агар нақше дар фалаксароӣ дошта бошам, шӯкр мегӯям ва ифтихор мекунам”.
Ин овозхон дар Рӯзи фалак дар мӯсоҳиба бо “Азия-Плюс” дар бораи фалак ва розу ниёни мардӯм ҳарф зада, гӯфта буд, “фалак(мадҳ ва навҳасароӣ) аз қалбҳои нолон берӯн омада буд ва қалбҳои оламиёнро фаро гирифт”.
“Мардӯм дар гӯзашта аз тангдастиву мушкилӣ фарёд мекашиданд. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки фалак (мадҳ ва навҳасароӣ) оҳанги рӯҳафзо(шод) ҳам дошта бошад. Имрӯз мо на танҳо аз дарду ғаму фироқ сароем, балки фалаки шодиёнаро низ бояд хонем”, - иброз дошта буд Давлатманд Холов.
Давлатманд Холов беш аз 50 соли умрашро сарфи санъат кард ва акнун аз Ӯ беш аз 200 оҳанг ба мерос монд. Сурудҳои фалакии маърӯфи ӯ “Дилат раҳо кун, ошиқо”, “Сорбон”, “Орзуст”, “Шоҳ, паноҳам бидеҳ”, “Шаби ҳиҷрон” ва “Дӯр машав” маҳсӯб мешаванд.
Давлатманд Холов 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯробод дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст.
Ӯ соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ордени «Шараф» дараҷаи I, Ордени «Дӯстӣ» ва Ордени дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии Фаронса буд.
Давлатманд Хол ба ашъори баланд мазмӯни шоирони классики форсу тоҷик ва адибони мӯосир алоқа дошт ва онҳоро оҳанг баста, бо сабки хос хӯд месуруду месароид.
Агар ба даврони Шӯравӣ ва пасо Шӯравӣ, ки авҷи моддигароӣ ва маънавиятсатезӣ буд, аз нигоҳи сиёсати он замон бингарем, ташкили чунин як ансамбли халқӣ ва фалаксароӣ(мадҳ ва навҳасароӣ) таъсири пурсамари он дар рушд, маънавиятгароӣ ва санъати тоҷик ва баргашти ба ҳӯвияти асили тоҷикӣ аҳмияти хеле мӯҳим дошт.
Давлатманд Холов бо пайравӣ аз классики форсу тоҷик бар қаробатҳои тамаддӯнии фарҳангӣ ва мусиқии Эрон ва Тоҷикистон таъкид мекунад ва мӯътақид аст, адабиёту мусиқии форсу тоҷик ганҷинае аст, ки на дар зери замин ёфт мешавад ва на бар рӯи замин.
Марҳӯм Давлатманд Холов бо алоқа ва иродате, ки ба ганҷинаи фарҳангӣ ва мусиқии форсу тоҷик дошт ва фишору сахтиҳои зиёдеро ҳам дар ин роҳи мӯқаддас таҳаммӯл намӯд. Ин ишқу алоқа ба хӯдшиносӣ, ватандӯстӣ ва ниёгон шӯҳрати Ӯро фаротар аз Тоҷикистон бурд. Ӯро дар миёни форсизабонон яке парчамдорони тамаддӯнии фарҳангӣ ва мусиқии форсу тоҷик маърӯф кард ва ёду хотираашро дар қалби онҳо мондагор сохт.
Боиси ифтихор аст, ки асарҳои офаридаи ҳунарманд на танҳо дар Тоҷикистони азизамон, балки берун аз он, алалхусус дар кишварҳои ҳамдину ҳамоин ва ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Эрону Афғонистон хеле баланд пазируфта шудаанд.
Ҳӯнармандон, дилдодагон, ҳамкасбон, санъаткорон меҳмонони хориҷию форсизабон ва мардуми шариф тоҷик, дирӯз ин марҳӯми фалаксаро ва санъаткори дӯстдоштаи мардумиро бо дили пуроташу бо чашми пурнам хайрбод гӯфтанду Ӯро дар оромгоҳи Лӯчоби Дӯшанбе ба хок сӯпориданд.
Дар робита ба даргӯзашти Давлатманд Холов раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори таслият ва ҳамдардӣ карданд. Аз тарафи кишварҳои ҳамдину ҳамзабон Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ҷумҳурии исломии Эрон, Муҳаммадмаҳдӣ Исмоилӣ ҳам самимона таслият гӯфтанду ибрози ҳамдардӣ намӯданд.
Мо ҳам даргӯзашти марҳӯм Давлатманд Хол, фалаксаро ва ҳӯнарманди дӯстдоштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро, ба дилдодагон, ҳамкасбон, форсизабонон ва мардуми шарифи тоҷик, ба хусус хонавода ва наздикони он марҳӯм самимона таслият мегӯем ва ба бозмондагону фарзандонаш сабру шакебоӣ хоҳонем, рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!