Фаро расидани моҳи раҳмат ва пурбаракати Раҷаб ба ҳамаи мусулмонон мӯборак бошад!
Моҳи Раҷабро Раҷабул-Мураҷҷаб номидаанд. «Мураҷҷаб» ба маънои бузург, бошукӯҳ ва бо ҳайбат аст ва сифате аст барои моҳи Раҷаб ба ҷиҳати бузург доштани ин моҳ.
 
Раҷаб моҳи Худост ва риояткунандагони ҳурмати ин моҳ ва омилон ба аъмоли онро «Раҷабиюн» меноманд. Ҳамоно дар қиёмат фариштае нидо медиҳад: «أین الرّجبیّون» куҷоиянд афроде, ки моҳи Раҷабро мӯҳтарам шумурдаанд? Худованд дар ҳадиси Қудсӣ мефармояд: «Моҳи Раҷабро ресмони миёни худ ва бандгонам қарор додаам; Ҳар кас ба он чанг занад ба висоли ман расад» ва дар ҳадиси Қудсии дигаре мефармояд: «Моҳи Раҷаб моҳи ман; Банда, бандаи ман ва раҳмат, раҳмати ман аст; Ҳар, ки дар ин моҳ маро бихонад, иҷобаташ кунам ва ҳар, ки ҳоҷат оварад, атояш кунам».
 
Бузургон ва аҳли маъно ва аҳли сулук, моҳи Раҷабро муқаддимаи моҳи мубораки Рамазон донистаанд. Моҳи Раҷаб ва моҳи Шаъбон, як омодагиҳое аст барои инки инсон дар моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи зиёфати илоҳӣ аст, битавонад бо омодагии комил ворид шавад. Омодагӣ ба чист? Дар дараҷаи аввал, омодагӣ ба таваҷҷуҳ ва ҳузури қалб аст."
 
Ҳазрати Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуданд: моҳи Раҷаб моҳи истиғфори уммати ман аст пас дар ин моҳ бисёр талаби омурзиш кунед, ки Худо омурзанда ва меҳрӯбон аст. Раҷабро "Асаб" мегӯянд, зеро ки раҳмати Худо дар ин моҳ бар уммати ман бисёр рехта мешавад, пас бисёр бигӯед:
 
«أَسْتَغْفِرُ اللهَ وَ أَسْأَلُهُ التَّوْبَةَ».
(Астағфируллоҳ ва асъалуҳут тавба)

Расули акрам(с) боз мефармоянд: Раҷаб номи наҳре дар биҳишт аст, ки аз шир сафедтар ва аз асал ширинтар аст. Бинобар ин, ҳар кас як рӯз аз моҳи Раҷабро рӯза бидорад, Худованд аз он наҳр ба ӯ хоҳанд нӯшонд.
 
Барои ин,ки дар ин моҳи мӯборак, ки моҳи нузули раҳмати илоҳӣ аст ҷузви Раҷабиюн қарор бигирем, метавонем аз аъмоли мустаҳабии тавсияшудаи ин моҳ баҳра бигирем.
 
Одоби дӯо кардан
  1. Мӯстаҳаб аст, ки бо таҳорат дӯо кардан.
  2. Пас аз намозҳои фарз дӯо кардан.
  3. Ба тарафи қибла даст бардошта дуо кардан.
  4. Бо овози маҳин дӯо кардан.
  5. Худро оҷиз дониста, дуо кардан.
  6. Бо боварии иҷобат, дуо кардан.
  7. Такрор ба такрор дӯо кардан. Ҳадди ақал се маротиб.
  8. Дар аввал ва охири дӯо салавот хондан.
  9. Бо тавбаю истиғфор дӯоро ифтитоҳ кардан.
  10. Бо сифатҳои бузӯрги Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дӯоро идома додан: Ё Рабал оламин.
  11. Хулоса ба таври зерин дӯо тавсия дода мешавад:
Баъди намозҳо ва ё берун аз намоз (бо таҳорат афзал аст) ба тарафи қибла дастҳоро бардошта бо садои оҷизона ва маҳин "бисмил лоҳир раҳмонир раҳим" гӯфта, баъдан саловот бар Расӯлуллоҳ (с.а.с.) хондан, пас аз он "Ё Рабал оламин ба Ҳурмати асмои ҳӯсно ва ба ҳурмати тамоми пайғамбарон алалхусӯс Нигини пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад (с.а.с.) ва асҳобу бандаҳои дӯстдор" гуфта истиғфору тавбаву надомат ва рози дилу дарди дил намуда, дар охир боз як салавоти дигар бар Расули Акрам (с.а.с.) хонда "Аллоҳу Акбар" гуфта анҷом бахшидан.
  1. Дар ин вақтҳо дӯо карданро тавсия кардаанд:
Вақти хондани азон
Байни азон вақомат
Вақти тиловати Қуръон
Вақти хатми Қуръон
Вақти дидори Каъба
Вақти боридани борон
Вақти дӯчори зӯлм
Баъди намозҳо
Рӯз ва шаби ҷӯмъа
Рӯзи аввали моҳи Раҷаб
Шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон
Шабҳои иди Рамазон ва Қурбон
Рӯзи Арафа
Рӯзҳо ва шабҳои моҳи Рамазон
Вақти ифтор.....
 
 
Дӯое, ки дар моҳи Раҷаб мӯстаҳаб аст баъд аз намозҳои фарз хонда шавад.

بسم الله الرحمن الرحیم

اللهم صل علی محمد و آل محمد

يَا مَنْ أَرْجُوهُ لِكُلِّ خَيْرٍ وَ آمَنُ سَخَطَهُ عِنْدَ كُلِّ شَرٍّ يَا مَنْ يُعْطِى الْكَثِيرَ بِالْقَلِيلِ يَا مَنْ يُعْطِى مَنْ سَأَلَهُ

Ё ман арҷуҳу ликулли хайр, ва оману сахатаҳу инда кулли шарр, ё ман юътил касира бил қалил, ё ман юътӣ ман саъалаҳ,

يَا مَنْ يُعْطِى مَنْ لَمْ يَسْأَلْهُ وَ مَنْ لَمْ يَعْرِفْهُ تَحَنُّناً مِنْهُ وَرَحْمَةً

ё ман юътӣ ман лам ясъалҳу,ва ман лам яърифуҳу таҳанунав ва раҳмаҳ,

أَعْطِنِى بِمَسْأَلَتِى إِيَّاكَ جَمِيعَ خَيْرِ الدُّنْيا وَ جَمِيعَ خَيْرِ الْآخِرَةِ 

аътини бимасалати иёка, ҷамиъа хайри дӯнё ва ҷамиъа хайрил охираҳ,

وَ اصْرِفْ عَنِّى بِمَسْأَلَتِى إِيَّاكَ جَمِيعَ شَرِّ الدُّنْيا وَشَرِّالْآخِرَةِ

васриф ъани бимасалати иёка,ҷамиъа шарри дӯнё ва ҷамиъа шаррил охираҳ,
 
فَإِنَّهُ غَيْرُ مَنْقُوصٍ مَا أَعْطَيْتَ وَ زِدْنِى مِنْ فَضْلِكَ يَا كَرِيمُ

фаинаҳу ғайру манқусин мо аътайд, ва зидни мин фазлика ё карим,

يَا ذَا الْجَلالِ وَ الْإِكْرامِ يَا ذَا النَّعْماءِ وَ الْجُودِ يَا ذَا الْمَنِّ وَ الطَّوْلِ حَرِّمْ شَيْبَتِي عَلَى النَّارِ

    ё зал ҷалоли вал икром, ё зан наъмои вал ҷуд, ё зал манни ваттавл, ҳаррим шайбатӣ аланнор.

Тарҷума :

Эй касе, ки ҳар хайреро аз Ӯ умед дорам ва аз хашмаш дар ҳар шарре эминӣ меҷӯям. Эй касе, ки дар баробари ибодати андак музди бисёр мебахшад. Эй касе, ки ба ҳар кӣ аз ӯ бихоҳад мебахшад.Эй касе, ки ба ҳар кӣ аз ӯ нахоҳад ва ӯро нашиносад низ аз рӯи меҳрубонӣ ва раҳмат мебахшад.

Хоҳиш дорам аз ту, ҳамаи хайри дунё ва хайри охиратро бар ман ато кун. Ва хоҳиш дорам аз ту, ҳамаи бадиҳои дунё ва сахтиҳои охиратро аз мо дур бинамо! зеро, ончиро, ки ту ато кунӣ камбудӣ надорад ва аз эҳсонат бар ман бияфзой, эй бахшояндаи беминнат.

Эй соҳиби шукӯҳу бузургворӣ, эй соҳиби неъмату бахшиш, эй соҳиби атову карам, ришамӯйҳо ва маҳосинамро бар оташи дӯзах ҳаром кун!
 
 
     Ин дӯо ҳам мӯстаҳаб аст баъд аз намозҳои фарз хонда шавад.
 
 
اَللّهُمَّ اَدْخِلْ عَلى اَهْلِ الْقُبُورِ السُّرُورَ
 
Худоё бар аҳли қабристон хушҳолиро дохил кун!
 
اَللّهُمَّ اَغْنِ كُلَّ فَقيرٍ
 
Худоё ҳамаи фақиронро ғанӣ гардон!
 
اَللّهُمَّ اَشْبِعْ كُلَّ جايِعٍ
 
Худоё ҳар гуруснаеро сер кун!
 
اَللّهُمَّ اكْسُ كُلَّ عُرْيانٍ
 
Худоё ҳар бараҳнаеро бипӯшон!
 
اَللّهُمَّ اقْضِ دَيْنَ كُلِّ مَدينٍ
 
Худоё қарзи ҳар қарздореро адо кун!
 
اَللّهُمَّ فَرِّجْ عَنْ كُلِّ مَكْرُوبٍ
 
Худоё ғаму андӯҳи ҳар ғамзадаеро дур кун!
 
اَللّهُمَّ رُدَّ كُلَّ غَريبٍ
 
Худоё ҳар дур аз ватанеро ба ватан бозгардон!
 
اَللّهُمَّ فُكَّ كُلَّ اَسيرٍ
 
Худоё ҳамаи асиронро озод кун!
 
اَللّهُمَّ اَصْلِحْ كُلَّ فاسِدٍ مِنْ اُمُورِ الْمُسْلِمينَ
 
Худоё ҳар фосид ва фасодеро дар умури мусалмонон ислоҳ кун!
 
اَللّهُمَّ اشْفِ كُلَّ مَريضٍ
 
Худоё ҳамаи беморонро шифо бидеҳ!
 
اَللّهُمَّ سُدَّ فَقْرَنا بِغِناكَ
 
Худоё роҳҳои нуфузи фақрро ба василаи дороии худ бар мо бибанд!
 
اَللّهُمَّ غَيِّرْ سُوءَ حالِنا بِحُسْنِ حالِكَ
 
Худоё аҳволи бади моро ба хубии холи худат тағйир бидеҳ!
 
اَللّهُمَّ اقْضِ عَنَّا الدَّيْنَ وَاَغْنِنا مِنَ الْفَقْرِ اِنَّكَ عَلى كُلِّ شَىءٍ قَديرٌ
 
Худоё моро дар адо кардани қарз ёрӣ кун ва аз фақру тангдастӣ бираҳон, ки ба ростӣ

ту бар ҳар чиз тавоноӣ!

Омин Ё Рабал оламин
 
 
Зи дӯнё дил бикан ёди Худо кун,
 
Худоро вақти танҳоӣ садо кун,
 
Дар он ҳолат, ки ашкат мечакад гарм,
 
Ғанимат дону моро хам дуо кун.
 



@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст