Оғози интиқомгирии сахти Эрон аз террористон ва ҳомиёнашон бо мушакҳои баллистикӣ
Дар ин бора расонаҳои эронӣ бо такя ба иттилоияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон хабар додаанд.Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Эрон шаби 16-уми январи соли равон бо интишори се баёнияи ҷудогона аз 24ҳамлаи мушакӣ ба аҳдофи зидди Эронӣ дар Ироқу Сурия хабар дод. Ба гуфтаи сипоҳ ҳадафи яке аз ин ҳамлаҳо « қароргоҳи Моссад » маркази амалиёти ҷосӯсӣ зиди Эронӣ ва тарроҳии иқдомоти террористии Исроил дар шаҳри Эрбили Курдистони Ироқ будааст.
 
Хабаргузории “Рейтерз” дар гузоришаш навиштааст, ки дар миёни кушташудаҳои шаҳри Эрбили Курдистони Ироқ, тоҷир ва миллионери курд Пешрав Дизайӣ аз ҳомиёни лоҷестикӣ Моссад ва CIA-и Амрико ва чанд узви хонаводаи ӯ ҳастанд.
 
Ба гузориши хабаргузории Форс, Баёнияҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба маҳалли тарроҳон ва саркардагони гурӯҳакҳои террористӣ таҳти ҳимояти Амрико ва бархе режимҳои минтақа ба шарҳи зерин аст:
 
Иттилоияи шумораи 1-и Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон:
 
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
 
Ба огоҳии миллати шариф ва қаҳрамони Эрони Исломӣ мерасонад, бо таваккул ба Худованди Мутаъол ва иноёти ҳазрати Валии Аср (а.ҷ), дар посух ба ҷиноёти ахири терористии дӯшманони Эрони Исломӣ, мақаррҳои ҷосӯсӣ ва таҷаммӯъи гурӯҳакҳои террористии зидди эронӣ дар бахшҳое аз минтақа дар нимашаби имшаб бо мушакҳои баллистикии Сипоҳ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва мунҳадим шуд.
 
* * *
 
Иттилоияи шумораи 2-и Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон:
 
Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим
 
أُذِنَ لِلَّذِینَ یُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِیرٌ
 
Миллати азиз ва шарифи Эрони Исломӣ!
 
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар посух ба ҷиноятҳои ахири гурӯҳакҳои террористӣ дар ба шаҳодат расондани мазлумонаи ҷамъе аз ҳамватанони азизамон дар Кирмон ва Роск, маҳаллҳои таҷаммӯъи фармондеҳон ва аносири аслии муртабит бо амалиётҳои террористии ахир, ба вежа ДОЪИШ, дар сарзаминҳои ишғолии Сурияро шиносоӣ ва онҳоро бо шиллики (партоби) теъдоде мушаки баллистик мунҳадим (нобуд) намуд.
 
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба миллати бузурги Эрон итминон медиҳад, гурӯҳакҳои террористии бадхоҳи миллати Эрон ҳар куҷо, ки бошандро хоҳад ёфт ва онҳоро ба сазои аъмоли нангинашон хоҳад расонд.
 
وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ الْعَزِیزِ الْحَکِیمِ
 
* * *  
 
Иттилоияи шумораи 3-и Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон:
 
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
 
إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِینَ مُنتَقِمُونَ
 
Миллати азиз ва шарифи Эрони Исломӣ – Уммати бузурги ислом!
 
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар посух ба шароратҳои ахири режими саҳюнистии Исроил дар ба шаҳодат расондани фармондеҳони Сипоҳ ва ҷабҳаи муқоввимат, бо ишроф ва тасаллути иттилоотӣ бар мақаррҳо ва таҳаррукоти ин режим дар минтақа, бо шиллики (партоби) мушакҳои баллистик, яке аз мақаррҳои аслии ҷосӯсии режими саҳюнистӣ (Моссад) дар иқлими Курдистони Ироқро мавриди ҳадаф қарор дода ва онро мунҳадим намуд.
 
Ин мақарр(қароргоҳ), маркази тавсеъаи амалиёти ҷосӯсӣ ва тарроҳии иқдомоти террористӣ дар минтақа ва хусӯсан кишвари азизамон будааст.
 
Ба миллати азизамон итминон медиҳем, амалиётҳои таҳоҷумии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ то гирифтани интиқоми охирин қатраҳои хуни шаҳидон идома хоҳад ёфт.
 
وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ الْعَزِیزِ الْحَکِیمِ
 
Farsnews
 
Дар зер низ аксҳои ҳамлаҳои мушакии баллистикии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба маркази ҷосӯсӣ ва тарроҳии гурӯҳакҳои террористии ДИИШ дар Ироқу Сурияро хоҳед дид.

 
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст