Дар шомгоҳи 11октябр режими Исроил бемористони Ал-Маъмадонӣ дар Ғаззаро бераҳмона бомбаборон кард ва беш аз 800 нафар занону кӯдакон ва маҷрӯҳони мусулмони Фаластиниро дар онҷо ба шаҳодат расонд.
 
Ба гузориши ТоҷикПресс, қабл аз ин ҳамлаи ваҳшиёна мақомоти Исроил аз мардуми Ғазза хоста буданд, ки барои дар амон мондан аз ҳамлаҳои онҳо ба бемористон паноҳ баранд вале ваҳшиёна боз онҷоро бомбаборон карданд.
  
Ҳамла ба ин бемористон дар ҳоле сурат гирифт, ки бисёре аз афроди даруни бемористон занону кӯдакон буданд.
 
Сухангӯи Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза эълон кард, ки дар натиҷаи бомбаборони Исроил ба бемористони Ал-Маъмадонӣ беш аз 800 нафар аз занону кӯдакон ва маҷрӯҳони мусулмони фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.
   
Хонаҳо ва зерсохтҳои Ғазза ба хусӯс марказҳои дармонӣ ва бемористонҳо низ дар асари бомбаборони рӯзона дар ҳоли тахриб аст. Режими Исроил ҳамчунон бо чароғи сабзи Ғарб ба хусӯс Амрико ба ин ҳамлаҳо идома медиҳад. Ончиро, ки Исроил бар зидди мардуми Ғазза анҷом медиҳад, монанди муҳосираи комили Ғазза ва қатъи обу барқу сӯхт ва манъи кумакҳои ғизоӣ ва доруӣ ва задани бемористонҳо, мисдоқи ошкори ҷинояти ҷангӣ ва қатли оми шаҳрвандони ғайри низомӣ ва наслкушии Фаластиниён аст, ки дар пеши чашми мардуми дунё ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар ҳол анҷом аст.
 
Мо ин иқдоми зидди башарии режими Исроилро, ки қатли оми занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии мазлум ва бепаноҳи Фаластин аст, ки нақзи ошкори қонун ва муқаррароти байналмилалӣ ҳам ҳаст, сахт маҳкум менамоем. Ҳамчунин таслият ва маротиби ҳамдарии амиқи худро бо миллати қаҳрамон ва муқовими Фаластин эълом медорем. 
 
Расули Худо (с) мефармоянд:
 
مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى
 Мусулмонон дар муҳаббату дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо якдигар монанди аъзои як пайкаранд, вақте яке аз узвҳо ба дард ояд, тамоми узвҳои дигар низ дар бехобиву ранҷ бо он ширкат ва ҳамроҳӣ мекунанд. Саҳеҳи Муслим,2586
 
Шайх Саъдӣ низ барои виҷдонҳои пок чунин мегӯяд:
 
Банӣ Одам аъзои як пайкаранд,
 
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
 
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
 
Дигар узвҳоро намонад қарор.
 
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
 
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
 
Илоҳо, ба ҳурмати Покат ҷамиъи мазлумонро аз дасти золимон раҳоӣ бахш ва зулми золимонро ба худашон баргардон, омин.
 
Дар зер низ аксҳои ҷигарсузи занону кӯдакони мазлум ва бепаноҳи бомба борони бемористони Ал-Маъмадони Ғаззаро хоҳед дид.
















@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст