Фалсафа ва аҳдофи қиёми Имом Ҳусайн(а)
Қиёми Имом Ҳусайн(а) ҳаракати эътирозии Имом Ҳусайн (а) бар зидди ҳукумати Язид ибни Муовия буд, ки ба шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар даҳуми муҳаррами соли 61ҳ.қ.,ва асорати хонаводааш анҷомид.
Қиёми Имом Ҳусайн(а) сабаби шаклгирии қиёмҳое алайҳи ҳукумати Банӣ Умайя шуд ва дар суқути он нақш дошт.
Ҳадафи аслии Имом Ҳусайн(а)аз қиём, чунонки дар васияташ ба Муҳаммад ибни Ҳанафия омадааст, бозгардондани ҷомеаи Исломӣ ба масири саҳеҳи худаш ва мубориза бо инҳирофот будааст.
Ҳар сола дар солгарди ин воқеа, маросимҳои мухталифе баргузор мешавад. Ривоҷ ва тақвияти рӯҳияи озодихоҳӣ ва зулмситезӣ ва фарҳанги адолатхоҳӣ аз таъсироти ин қиём бар ҷомеъаи башарӣ ба шумор меояд.