Рамзи Қуръон аз Ҳӯсайн омӯхтем
 
З-оташи ӯ шӯълаҳо андӯхтем
 
Тори мо аз захмааш ларзон ҳанӯз
 
Тоза аз такбири ӯ имон ҳанӯз
 
Эй сабо, эй пайки дурафтодагон
 
Ашки мо бар хоки поки ӯ расон
 
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ашъори худ, ба аҳдоф, ангезаҳо ва сабаби наҳзати Ошуро ва паёмадҳои он, ишора намуда ва дар Маснавии Рамзи бехудӣ, аз Имом Ҳӯсайн(а) ва наҳзати хунинаш сухан гуфта ва дар маънои ҳуррияти исломӣ ва сайри ҳодисаи Карбало ишора мекунад:  
 
Ҳофизи ҷамъияти хайрул-умам
 
В-он дигар мавлои аброри ҷаҳон
 
Қуввати бозуи аҳрори ҷаҳон
 
Дар навои зиндагӣ сӯз аз Ҳӯсайн
 
Аҳли ҳақ, ҳуррият омӯз аз Ҳӯсайн
 
Ҳар кӣ паймон бо ҳувал-мавҷуд баст
 
Гарданаш аз банди ҳар маъбуд раст
 
Мӯъмин аз ишқ асту ишқ аз мӯъмин аст
 
Ишқро номумкини мо мумкин аст
 
Ақлро сармоя аз биму шак аст
 
Ишқро азму яқин лоянфак аст
 
Ақл гӯяд, шод шав, обод шав
 
Ишқ гӯяд, банда шав, озод шав
 
Ишқро ороми ҷон ҳуррият аст
 
Ноқаашро сорбон ҳуррият аст
 
Он шунидастӣ, ки ҳангоми набард
 
Ишқ бо ақли ҳаваспарвар чӣ кард?
 
Он имоми ошиқон, пури Батул
 
Сарви озодӣ зи бӯстони Расул
 
Аллоҳ Аллоҳ, бои Бисмиллоҳ падар
 
Маънии зибҳи азим омад писар
 
Ситези Ҳобилу Қобил, Мусову Фиръавн, Масиҳу Қайсар, Муҳаммаду Абӯлаҳаб, Ҳӯсайну Язид, ҳама ва аҳама ҳалқаҳое аст аз занҷираи мубориза ва ситези ҳаққу ботил, ки аз аввали тарих то ниҳояти он идома дорад. Ҳақиқат ва роҳи ҳақ аз хуни бузургмардоне чун Ҳӯсайн(а) ҳаёт мегирад ва ботил бақои худро аз бақои язидиён мегирад. Дар фалсафаи Иқбол, ин тазоддҳо ва даргириҳо, дар ниҳоят ба суди нерӯҳои ҳақҷӯ ва адолатхоҳ поён хоҳад ёфт ва Сомирии ботил, саранҷом доғи мотам бар дил, дар зери пои Мӯсо шикаста ва дар қурбонгоҳи ишқ, сарбурида хоҳад шуд.
   Иқбол барои мутолеаи Ошуро ва беҳтар нигаристан ба он, аз хилофати исломӣ ва Паёмбар (с) оғоз мекунад. Ӯ ба ин нукта эътироф дорад, ки хилофати исломӣ баъди хилофати Имом Алӣ ибни Абӯтолиб ришта аз Қуръон гусехта ва роҳ бар каҷроҳа бурдааст. Самараи ин ҳокимияти сиёсии аз Қуръон гусаста чист?
  Иқбол эътиқод бар он дорад, ки ҷудоии дин аз сиёсат, дастоварде ҷуз заҳр дар коми озодӣ рехтан надорад. Озодӣ дар нигоҳи Иқбол танҳо дар сояи пайванди дину сиёсат мумкин аст ва ло ғайр. Наҳзати хунини Ҳӯсайн(а) ҳамчун абрест, ки озодӣ аз он меборад ва ишқ мепарварад ва рӯдест, ки аз ҳар куҷо, ки мегузарад, ҷавонмардиро аз хок бармеангезад. Ҳӯсайн ибни Алӣ дар нигоҳи Иқбол, ҷилвагари айнӣ шиори тавҳид – Лоилоҳа иллаллоҳ – аст. Иқбол ҳадафи қиёми Имом Ҳусайн(а)ро эҳёи дин ва ҳифзи иззати мусалмонон медонад:
 
Чун хилофат ришта аз Қуръон гусехт
 
Ҳурриятро заҳр андар ком рехт
 
Хост он сарҷилваи хайрул-умам
 
Чун саҳоби қибла, борон дар қадам
 
Бар замини Карбало бориду рафт
 
Лола андар вайронаҳо кориду рафт
 
То қиёмат қатъи истибдод кард
 
Мавҷи хуни ӯ чаман эҷод кард
 
Баҳри ҳақ дар хоку хун ғалтида аст
 
Пас бинои Ло илаҳ гардида аст
 
Муддаояш салтанат буде агар
 
Худ накарде бо чунин сомон сафар
 
Душманон чун реги саҳро ло туад
 
Дӯстони ӯ ба Яздон ҳамадад
 
Сирри Иброҳиму Исмоил буд
 
Яъне он иҷмолро тафсил буд
 
Теғ баҳри иззати дин асту бас
 
Мақсади ӯ ҳифзи ойин асту бас
 
Мосиваллоҳро мусалмон банда нест
 
Пеши Фиръавне сараш афканда нест
 
Хуни ӯ тафсири ин асрор кард
 
Миллати хобидаро бедор кард
 
Теғи Ло чун аз миён берун кашид
 
Аз раги арбоби ботил хун кашид
 
Нақши иллаллоҳ бар саҳро навишт
 
Сатри унвони наҷоти мо навишт
 
Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омӯхтем
 
З-оташи ӯ шӯълаҳо андӯхтем
 
Тори мо аз захмааш ларзон ҳанӯз
 
Тоза аз такбири ӯ имон ҳанӯз
 
Эй сабо, эй пайки дурафтодагон
 
Ашки мо бар хоки поки ӯ расон.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

 
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст