Хаст он сарҷилваи хайрул умам
Чун саҳоби қибла борон дар қадам
Бар замини Карбало бориду рафт
Лола дар вайронаҳо кориду рафт
То Қиёмат қатъи истибдод кард
Мавҷи хуни ӯ чаман эҷод кард
Баҳри Ҳақ дар хоку хун ғалтидааст
Пас бинои лоилоҳ гардидааст
Хуни ӯ тафсири ин асрор кард
Миллати хобидаро бедор кард
Эй сабо эй пайки дур афтодагон
Ашки мо бар хоки поки ӯ расон
Иқболи Лоҳурӣ