Шеъри беъсати Ҳазрати Муҳаммад (с)
Магар ятим набуди Худо паноҳат дод?
Худо ки дар ҳарами амни хеш роҳат дод
Ҳуҷуми ҷаҳлу хурофа, ҳуҷуми торикӣ
Худо паноҳ дар он давраӣ сиёҳат дод
Худо, Худо ва Худо, он Худои бемонанд
Ҳамоне ки исмати парҳез аз гуноҳат дод
Ҳамоне ки ҷони наҷиби туро муроқиб буд
Ҳамоне ки синаи холи аз иштибоҳат дод
Тавону тӯша ба поён расида буд, вале
Худо расид ба фарёду зоди роҳат дод
Бигӯ неъмати Парвардигорат пинҳон нест
Худо ки дасти туро хонду дастгоҳат дод
Худо ки чашми туро бо намоз рӯшан кард
Худо ки фурсати ташхиси роҳу чоҳат дод
Чи қадар воқеаи осмонию шаффоф
Худо ба юмни дуоҳои субҳгоҳат дод
Худо ки оқибати хайру хуш атоят кард
Худо ки оинаро нур бо нигоҳат дод
Қасам ба рӯз ки хуршед шамъи хонаи туст
Қасам ба шаб ки Худо бартари ба моҳат дод
Худо ки ашки туро ҷилваи гавҳар бахшид
Худо ки шӯълаи равшан ба ҷоӣ оҳат дод
Худо ки ҷони туро аз илоҳаҳо пирост
Худо ки ғулғулаи қавми ло илоҳат дод
Ятим омадаам, мондаам, паноҳам деҳ
Магар ятим набудӣ Худо паноҳат дод?
Шеъри беъсати Ҳазрати Муҳаммад (с)
- بازدید: 803