Оташ заданд лонаи мурғи паридаро
Яке аз беҳтарин шеърҳо дар бораи Имом Ҳусайн (рз) ва замоне ки вориди сарзамини Карбало шуд. Ин шоир тамоми одобу русумеро, ки дар ин ҳодиса шикаста шуданд, ба забони шеър даровардааст:
Расм аст, ҳар ки доғи ҷавоне дида
Дӯстон раъфат баранд ҳолати он доғи дидаро
Як дӯст зери бозӯи ӯ гирад аз вафо
Ва - он як зи чеҳра пок кунад ашки дидаро
Он дигари бар ӯ бифишонад гулоби қанд
То тақвият шавад дили меҳнат кашидаро
Як чанд даъваташ ба гулу бӯстон кунанд
То бар канандаш аз дил, хори халидаро
Ҷамъи дигар барои тасаллои ӯ диҳанд
Шарҳи сиёҳи кори чархи хамидаро
Ал- қиса ҳар кас ба тариқе зи рӯи меҳр
Таскин диҳад мусибати бар ӯ расидаро
Оё ки дод таслияти хотири Ҳусайн
Чун дид ҷанозаи Акбар, дар хун танидаро
Оё ки ғамгусорӣ ва андуҳ барӣ намуд
Лайлои доғ дидаи меҳнат кашидаро
Баъд аз писар дили падар омоҷи тир шуд
Оташ заданд лонаи мурғи паридаро.
Шарҳи мухтасар:
Ғами аз даст додани наздикон барои инсон сахту душвор аст, тасаввураш ҳам гоҳе инсонро ба ларза меоварад, доғи падару модар, фарзанду, надзикон дигар сахт аст ва инсонро месӯзонад. Дар миёни мусалмонон ва шояд ҳам ҳамин башарият ин расму одобе ҳаст, ки барои таслият ва шарик донистани худ дар азои онҳо боиси дилгармӣ ва кам шудани азо шаванд. Одоб ва расм бар ин аст, ки вақти касе, ки бастагонашро, фарзанди дилбандашро аз даст медаҳад, биравнд ва таслият бигӯянд ва ғамеро, ки бар чеҳрааш нишаста бардоранд, бо дар бағал гирифтан ва пок кардани ашкҳояш ба ӯ дилдорӣ диҳанд. Ҳамонанди хондани дуо ва оятҳо, то ӯро ба ҳолати одии худ баргардад ва аз он ғаме, ки барояш пеш омадааст кам шавад, ҳамонанди ин ки баҷое бибаранд ва хотирае барояш бигӯянд аз Пайғамбар (с), ки беҳтарин офаридаи Худо буд, аз дунё рафт, то миқдоре аз ғамашро фаромӯш кунад ва ором бигирад. Вале ин одоб дар ҳодисаи Карбало риоят нашуд, бо ин ки дин бар он таъкид кардааст.
Шоир бо ду савол мепурсад: Оё ки дод таслияти хотири Ҳусайн? Маълум аст, ки касе таслият нагуфт, балки хушҳолӣ карданд, замоне ки ҷанозаи фарзандашро диданд, дар дасти Имом (а) ҳама даст заданд ва фарёди пирӯзӣ доданд. Пурсиши дувум ҳам ин ки оё касе ғаму андӯҳро аз чеҳраи ҳамсараш пок кард ё на? Ҷигарбандаш дар пеши чашмаш кушта шуд таслият гуфтанд ё на? Ғаму ашк аз чеҳраш пок кард ё на? Ҳеҷ кас ин одобро риоят накарданд, балки баъд аз қатли фарзанд, падарро (Имом Ҳусайн) тирборон карданд ва дилеро, ки ниёз ба дилдорӣ дошт ва бояд тасало медоданд ва ғамашро кам мекарданд, бо тиру найза пора -пора карданд ва бо ин иктифо накарданд, балки хаймаҳои онҳоро ҳам ба оташ кашиданд. Паранда, ки париду рафт, чаро лонаашро оташ мезанед ва месӯзонед? Шоир дар ин шеър умқи фоҷиаи Карбалоро баён мекунад.
Вақте яке аз олимони бузург ин шеъро шунид, гуфт: Омодаам савоби тафсиреро, ки навиштаам бо савбои ин шеър муомила кунам. Шогирдонаш гуфтанд: Гӯяндаи шеър хеле инсони хубе нест, он олим дар ҷавоб гуфт: Баъзе вақтҳо бар забони инсонҳо ваҳй ва илҳом мешавад, ки чунин бигӯянд, ин шеър аз он навъ ашъор аст.