Моро, ки ғайри доғи ғамат бар ҷабин набудНагзашт лаҳзае, ки дили мо ғамин набудҲарчанд осмон ба сабурӣ чу мо надидМоро ғаме набуд, ки андар камин набудРоҳе агар надошт ба озодиву умедРанҷи асорат, ин ҳама шӯрофарин набудЭй офтоби маҳмили Зайнаб касе чу манАз хирмани зиёрати ту хӯшачин набудТақдир бо сари ту маро ҳамсафар набудДар ин сафар муқаддари ман ғайр аз ин набудГар аз нигоҳи гарми ту оташ намегирифтдар Шому Куфа, хутбаи ман оташин набудДар ҳайратам, ки бе ту чаро зиндаам ҳанӯзАҳде, ки бо ту бастам аз аввал, чунин набудДаҳрӯзаи фироқи ту умре ба мо гузаштЯк умр буд ҳиҷри ту, як арбаин набудМуҳаммадҷаводи Ғафурзода
-
-
-
بازدید: 1478