Қавми ба ҳаҷ рафта, ба ҳаҷ рафтаандБе ту дар ин бодия, каҷ рафтаанд
Каъба туӣ Каъба ба ҷуз санг нестОинае мисли ту беранг нест
Оинаи раҳгузари суфиёнСанг, насиби гузари Куфиён
Куфа дам аз меҳру вафо мезанадШом туро санги ҷафо мезанад
Куфа агар оинаатро шикастШом аз ин воқеа тарфе набаст
Куфа агар теғу табарзин шавадШом агар яксара озин шавад
Марг агар асби маро зин кунадХуни маро теғи ту тазмин кунад
Оташи парҳез набуррад мароТеғи аҷал низ набуррад маро
Бе сару сомони туам ё ҲусайнДаст ба домони туам ё Ҳусайн
Ҷони Алӣ силсила бандам макунГардам аз хок баландам макун
Оқибат ин ишқ ҳалокам кунадДар гузари кӯи ту хокам кунад
Турбати ту бӯи Худо медиҳадБӯи ҳузури шуҳадо медиҳадОқосӣ
-
-
-
بازدید: 1275