Имоми шаҳиду ғариб
Боз имшаб мунодии Куфа, аз имоми ғариб мехонад
Гӯшаи хона духтаре танҳо, дорад "ам ман юҷиб" мехонад
Мисли ин ки дубора мисли қадим, чашм аз хуни дил тарӣ дорад
Ин парастори нозанин гӯё, боз бемори бистарӣ дорад
Чодари пурғубори модарро, сари саҷҷода бар сараш карда
Байни сардарди имшаби бобо, ёди сардарди модараш карда
Оҳ дар оҳ, чашма дар чашма, мутааҷҷиб забон гирифта, падар
Хор дар чашм, устухон ба гулӯ, дар гулум устухон гирифта, падар
Оҳ бобо ба чеҳраат асло, захму дарду варам намеояд
Чӣ кунам ман шикофи захми сарат, ҳарчи кардам ба ҳам намеояд
Боз сардард дориву ҳоло, иллати дарди пайкарам шудаӣ
Моҳи «абрушикаста» бобоҷон, чӣ қадар шакли модарам шудаӣ
Сурх шуд боз аз сари ин захм, ҷомаи тозаи танат бобо
Мӯ ба мӯ ҳам ба модарам рафта, наҳваи роҳ рафтанат бобо
По шав аз ҷо каромати Куфа,он ки хурмо ба дӯш мебурдӣ
Зуд дар шаҳри Куфа мепечад, ки шумо боз ҳам замин хӯрдӣ
Дишаб аз доғ то саҳар бобо, хоб дидам ва гиряҳо кардам
Аз ҳамон буғчае, ки модар дод, кафане тоза боз во кардам
Комилан дар нигоҳи ту дидам, мисли ин ки мусофирӣ ин бор
Гар шумо меравӣ бирав, аммо баҳри мо фикри меъҷари бардор
Кӯдаконе, ки нонашон додӣ, рӯзгоре бузург мегарданд
Менависанд нома, аммо баъд бевафо мисли гург мегарданд
Ё заминдор гаштаву он рӯз, ҳама афрод хайзарон коранд
Ё ки оҳангаре шуда он ҷо, тирҳои сешӯъба меоранд
Вой аз мардумони беэҳсос, дардҳои бидуни андоза
Вой аз он саворкорону наъли асбе, ки мешавад тоза
Вой аз дастҳои номаҳрам, оташу дуду чодару домон
Вой аз кӯчаи ғарибиву сангборони қори Қуръон ...
Алии Замониён
- بازدید: 1217