Мужда, эй мунтазирон, моҳи Худо омадааст
Моҳи Қуръону муноҷоту дуо омадааст
Мизбон аст Худованд дар ин меҳмонӣ
Ба сари суфраи шоҳона гадо омадааст
***
Моҳи Рамазон ҳаст дуоро асаре
Бошад зи Худо ба аҳли имон назаре
Ҳарчанд гунаҳ намудаему хорем
Моро набувад ғайри ту роҳи дигаре
***
Моҳи Рамазон омад, меҳмони Худо табрик!
Тавфиқи Худо бошад ҳар лаҳза, туро табрик!
Бо бандагияш ин моҳ аз раҳмати Ҳақ ёбӣ,
Фирдавси барин ҷоят, з-оташ ту ҷудо табрик!
***
Рӯҳ хушҳол, ки инак Рамазон хоҳад шуд!
Нафси саркаш ба ҳақиқат нигарон хоҳад шуд!
***
Эй дӯст, бишав банда моҳи Рамазон омад!
Нурониву тобанда, моҳи Рамазон омад!
Бо рӯза ба меҳмонӣ, бо ояти қуръонӣ,
Аз ҷурму гунаҳ канда, моҳи Рамазон омад!
***
Ғафлат макунӣ, моҳи Худо меояд,
Меҳмонии Ҳақ баҳри шумо меояд
Бо омаданаш саховату оромиш
Бо хондани Қуръону дуо меояд
Абдусалом
Васфи моҳи шарифи Рамазон
- بازدید: 1583