Муноҷоти шаби қадр
Лутфи ту ё Раб, азал асту абад
Ин манаму ин гунаҳи беадад
Рӯи сияҳ, бори хато, феъли бад
Намезанӣ ба синаам дасти рад
Холиқи ман, розиқи ман, ё Самад
Ташналабам оби ҳаётам бидеҳ
Ғарқи гуноҳам ҳасанотам бидеҳ
Аз карами хеш наҷотам бидеҳ
Агарчӣ бошад гунаҳам беадад
Холиқи ман, розиқи ман, ё Самад
Банда, вале бандаи шармандаам
Зери гунаҳ зору сарафкандаам
Боз ба сӯи ту паноҳандаам
Эй ҳама афви ту фаротар зи ҳад
Холиқи ман, розиқи ман, ё Самад
Омадаам, то ки қабулам кунӣ
Васл ба домони Расулам кунӣ
Одати ту нест малулам кунӣ
Ҷуз карамат ҳеҷ надорам санад
Холиқи ман, розиқи ман, ё Самад
Маро ба Қуръони Каримат бибахш
Ба ҷоҳи Маҳмуди Ҳакимат бибахш
Омада осӣ ба ҳаримат бибахш
Ҳаст умедаш, ки намоӣ мадад
Холиқи ман, розиқи ман, ё Самад
Кардӣ садоям ба ту баргаштаам
Ғарқ ба хуноби ҷигар гаштаам
Бе ту ба олам ҳама саргаштаам
Лутфи ту охир ба суроғам расад?
Холиқи ман, розиқи ман, ё Самад
- بازدید: 1147