Рӯза чист?
Чист рӯза? Як набарди тан ба тан,
Як ҷиҳоде бо сипоҳи «ман» ва «МАН».
Корзоре аз бақову аз фано,
Санҷише аз худ ба руҳи хештан.
Иҷтиноб аз обу нон охир ки чӣ?
Қурби ҷону тан ба Холиқ доштан.
Рӯза - васли рӯҳ бо он Рӯҳбахш,
Дурӣ аз ишкам – адуи ҷону тан.
Боз кардан чашми дил бар сӯи Ҳақ,
Бастан аз гуфторҳои бад даҳан.
Базми тоат, базми нури давлат аст,
Чун Худо мехонадат, пас сар бизан.
Рӯза худ оинаи Ҳақбоварист,
Шустан аз худ гарду хоки ширку зан.
Рӯза – пайкоре ба ҳар бегонагӣ,
Рӯза яъне сохтан дар худ Ватан.
Рӯ ба даргоҳи Худо овар, азиз,
То наёбад раҳ ба дилҳо аҳриман.
Як даме худ бош берангу риё,
Он ниқоби сурати худро бикан.
Ҳар қадар аз рӯза гӯям андак аст,
Пас салоҳ он аст, кам гӯям сухан.…
Аъзам Хоҷаев
- بازدید: 1288