مضان ماه رحمان
Раҳмате аз сӯи Раҳмон омада.   
Моҳи афву моҳи ғуфрон омада.
Бишнав аз Ҷибрил бо амри Худо,  
Бар Расулаш ваҳйи Қуръон омада.
Дар кадомин шаб нузули ваҳй буд?  
Он шаби қадр аст, дар он омада.
В-андар он тақдири инсу ҷин нигар,  
Аз само имшаб ба поён омада.
Мужда бар аҳли гуноҳу рӯсиёҳ,  
Моҳи раҳмат ҳамчу борон омада.
Нафси худро дур аз хӯрду хӯрок,  
Дор к-инак моҳ, меҳмон омада.
Тарк кун шаҳват ба чанд субҳу масо,   
Лаззате болотар аз он омада.
Ҳаст хоби ту ибодат, ҳар нафас,   
Зоти ҳақро сабҳагӯён омада.
Мушку анбар дар хиҷил гаштанд зор,  
Чунки равҳи рӯзадорон омада.
Пок кун худрову Қуръонро бихон,   
Чунки Қуръонро баҳорон омада.
Ояе аз он ба хатми ғайри он,    
Гашт сангин чун ба мизон омада.
Дур кун худро зи оташ бо ду тамр,  
Моҳи ифториву эҳсон омада.
Муғтанам  бишмор ин моҳи азиз,  
Ҳадяи ҳақ баҳри ёрон омада.
Шустушӯ кун хешро, ғамгин мабош,   
Аз бароят боби Райён омада.
Баста шуд дарҳои дӯзах чанд рӯз,  
Деву дадро вақти ҳирмон омада.
Саъй кун накшоӣ боби бастаро,   
Баъд аз он ки бар ту ризвон омада.
Гар набандӣ боби ҷаннатро ба худ,  
Доимо ғолиб ба шайтон омада.
Чашм дорад, то бибахшӣ бандаро,  
К-ӯ ба даргоҳат пушаймон омада.
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст