Забони модарии ман
Забони модарии ман, равони ман
Ту бо шеъри тару бо шири модар
Роҳ бурдӣ ба забони ман
Ва ингуна
Равонӣ ёфтӣ дар шеъру дар ҷону равони ман!
Забони модарии ман
Ту андар қисмати тоҷик
Ҷаҳони бебадал будӣ
Ҷаҳоне дар ҷаҳони куру кар будӣ
Ту будӣ аввалин давлат
Ту будӣ аввалин сарват
Ту будӣ аввалин сархат
Миёни хатти пешонии саршор аз хати тоҷик
Ва дар рӯзи хазонаш ҳам
Нишоли ҳастии ӯ об мехӯрд аз сухан, аз ту
Вуҷуди хокии ӯ рӯҳ мебурд аз сухан, аз ту
Забони модарии ман
Забони шеъру фарҳангӣ
Забони безабониҳо
Ту бо ҳарфи равони Рӯдакӣ бар олами мо ранг медодӣ
Ту бо шеъри суханорои Ҳофиз мезадӣ ҳарфи худовандӣ
Ба пои ту
Чунон к-орад касе дар пои фарҳанге ҷаҳонгиру ҷаҳонгустар
Фуруд оварда сар Пушкин
Сари зону зада Гута
Навои хешро меҷустаанд дар олами фонӣ
Забони модарии ман
Ҷаҳони ман
Ту монда баҳри ман мерос аз дирӯз
Ва аз ман монд хоҳӣ баҳри фарзандони ман фардо
Ба ҷои ном
Ба ҷои ҳастии пуршури исёнам
Ба ҷои шеъри гирёнам
Ягона нусхаи ному нишони ман
Забонии модарии ман, забони ман!
Абдусамеъи Қуддус
Бозгашт ба Эроншаҳр чопи Ереван, соли 2003, саҳ. 116
Аз соқа то садр, Гарморудӣ, саҳ. 544-545
- بازدید: 1466