Мегузарад ...
Агарчӣ рӯзи ману рӯзгор мегузарад
Дилам хуш аст, ки бо ёди ёр мегузарад
Чӣ қадр хотираангезу шоду рӯъёист
Қатори умр, ки дар интизор мегузарад
Ба ногаҳонии як лаҳзаи убури сафед
Хаёл мекунам он таксавор мегузарад
Касе, ки омаданӣ буду ҳаст, меояд
Бад-ин умед, зимистон, баҳор, мегузарад
Нишастаем ба роҳе, ки аз биҳишти умед
Насими раҳмати Парвардигор мегузарад
Ба шавқ зинда шудан, ошиқона мемирам
Дубора зистанам з-ин қарор мегузарад
Ҳамон ҳикояти Хизр асту чашмаи зулумот
Шабе, ки аз бари шабзиндадор мегузарад
Шабат ҳамеша шаби қадр боду рӯзат хуш
Ки бо ту рӯзи ману рӯзгор мегузарад
- بازدید: 1238