
Эй дил дубора қалби моро шод карданд
Мурғи дили моро зи ғам озод карданд
Гуфтанд: Мелоди имоми ошиқон аст
З-ин мужда хайли ошиқонро шод карданд
Вақте шукуфо шуд гули рӯяш, малоик
Ҷашни тараб барпо дар ин мелод карданд
Имшаб хатибони фалак бар минбари нур
Дар васфу мадҳаш хутбаҳо эрод карданд
Ворастагони ишқ бо нури вилояш
Бунёни ишқу маърифат бунёд карданд
Аз тобиши меҳри ҳидоят буд аз аввал
Гумкардароҳонро агар иршод карданд
Бӯсид то зери гулӯяшро Паямбар
Қуддусиён аз Карбалояш ёд карданд
Он дам, ки Заҳро бар Ҳусейнш гиря мекрд
Пайғамбару Ҳайдар варо имдод карданд
Як қатра аз дарёи васфи ӯ нагуфтанд
Ҳар чӣ ба васфи ҳазраташ эҷод карданд