Имшаб эй ёрон, навид овардаам
Мужда аз иди саид овардаам
Моҳи Шаъбон асту моҳи раҳмат аст
Ғарқи шодӣ қалби Оли исмат аст
Хосса имшаб севуми ин моҳи нур
Моҳи файзу иззату моҳи сурур
Моҳи лутфу раҳмати Парвардигор
Ҷилвадори талъати ҳашту чаҳор
Бас аз ин маҳ пайкм сармад мерасад
Аз фазо бӯи Муҳаммад мерасад
Имшаб иди ифтихори Одам аст
Иди мавлуди азизи хотам аст
Мужда бояд гуфт Абдуллоҳро
Мавлиди масъуди Соруллоҳро
Имшаб оре муқтадо аз раҳ расид
Севумин нури ҳудо чун маҳ расид
Ошиқон файзи ҷалиро бингаред
Нури чашмони Алиро бингаред
Ҷабраил асту малак дар замзама
Рӯй оварда ба байти Фотима
Ҷумла сармастанд аз бӯи Ҳусайн
Шефта бар рӯи дилҷӯи Ҳусайн
Дам ба дам гӯянд бо шӯру шааф
Таҳният бар Аҳмаду Мири Наҷаф
Ҳам ба Заҳро модари он нозанин
Бар забон доранд садҳо офарин
Он ки аз қаҳри илоҳӣ сӯхта
Дида бар файзи Ҳусайнӣ духта
Эй хушо табъе, ки бо шавқи тамом
Бар азизи Фотима гӯӣ салом