Эй ҳасодат дӯр шав аз синаам

Синаи бо ёди ҳақ оинаам

Эй ҳасодат офати дини манӣ

Оташе дар роҳи оини манӣ

Эй ҳасодат ҳамдами ман чун шавӣ

Синаамро боиси ғам хун шавӣ

Эй ҳасодат қалби ман кардӣ ту кӯр

Аз фазилатҳо маро кардӣ ту дур

Эй ҳасодат сӯхтам ман сӯхтам

В-андар он норе, ки худ афрӯхтам

Эй ҳасодат сӯхтӣ Қобилро

Куштӣ бе ҷурму гунаҳ Ҳобилро

Эй ҳасодат аз вуҷудам дӯр шав

Гум кун худро даруни гӯр шав ...
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст