Чароғи зиндагӣ
Султони ғам, чашму чароғам модар
Танҳо гули гулзори боғам модар
Баъд аз Худо танҳо умедам модар
Ман бо дуоят рӯсафедам модар
Дар қалби ман ин орзуи охир аст
Гӯянд биҳишт дар зери пои модар аст
Эй вои ман қадри туро нашинохтам
Манро бибахш танҳо ба худ пардохтам
Ту бо бадиам сохтиву сӯхтӣ
Танҳо чароғи хонаро афрӯхтӣ
Ҳар ҷумъаҳо чашмат ба сӯи ҷодаҳо
Шояд биёяд амман юҷиби ҷодаҳо
Касе, ки то ҳамеша пои ман сӯхт
Чароғи хонаи сарди ман афрӯхт
Шабе, ки сар ба болини табам сӯхт
Замину осмон якҷо ба ҳам дӯхт
Модар туӣ дору надорам модар
Баъд аз ту ман дигар чӣ дорам модар
Эй гиряат пушту паноҳам модар
Ман бо дуоят рӯ ба роҳам модар
Модар парастори дилам
Эй равшании чашму чароғи маҳфилам
- بازدید: 1376