Ёри вафодор
Назирае бар ғазали имом Хумайнӣ
«Ғаме хоҳам, ки ғамхорам ту бошӣ
Диле хоҳам дилозорам ту бошӣ»
Дар ин дунё намегунҷам зи шодӣ
Агар ёри вафодорам ту бошӣ
Чу Мансурам натарсам аз сари дор
Худоё, гар нигаҳдорам ту бошӣ
Супорам ин сарамро дар раҳи ҳақ
Сари шӯрида, сардорам ту бошӣ
Пару болам кушояд дасти қисмат
Агар донам парасторам ту бошӣ
Амонат ин танам дар дасти ҷон аст
Калиди қуфли асрорам ту боши
Одина Азимӣ
Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ. 23
- بازدید: 1314