Он чӣ чашмест, ки ҷӯяд рухи зебои туро
Чӣ тамизест, ки бинад дари маъвои туро
Чӣ машомест, ки бӯяд зи чаман накҳати ту
Он на гӯш аст, ки созад ҳавасовои туро
Чӣ хаёлест, ки андеша кунад ваҳдати ту
Ин чӣ созе, ки навозд даю фардои туро
Ин чӣ ёдест, ки гӯяд сухану қиссаи ту
Чӣ мудово, ки зудояд ғаму савдои туро
Ин ҳама маҳзи ману бе ҳама ин ман ҳеҷам
Гавҳари мардуми чашмам ҳама аъзои туро
Оятуллоҳ туӣ, мо ҳаваси чашму хаёл
Ташнаву вола ҳама ояти волои туро
Салом Нуриёни Биравнӣ
Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ. 10