Аз табори Офтоб омад кунун Рӯҳи Худо
Ҳақмарому ҳақкалому мӯъминонро раҳнамо
 
 Пардаи зулмонии шабро дарида нури ӯ
 Лутфи Ҳақ бин бачаи гаҳвора созад зӯри ӯ
 
 Кардӣ берун аҳриман бо қудрати имону дин
 Бар туву фаҷрофаринон то қиёмат офарин
 
 Эй Хумайнӣ, эй имоми ошиқони ҳақпараст
 Нусрати ҳақро ту қомусиву лаббайки аласт

Қудрати Ҳақ такягоҳи ту хурӯшон баҳр бин
Аҳли имон хайрхоҳи ту ба маҳви сеҳру кин
 
Аз наҳиби адли ту шайтон шавад дар изтироб
Меҳри ту дар синаҳои аҳли имон беҳисоб
 
 Илму ҳикмат бо басират дар масири бандагӣ
 Бо камоли иқтидор, аммо шаҳири бандагӣ
 
 Хун дар рагҳо дамиду ҷони олам зинда шуд
 Нури Қуръонӣ гузиду ахтари тобанда шуд
 
 Душмани хору забунат кинаву сад-дом дошт
 Дар набарди Ҳақ ҳамеша рӯҳи ноором дошт
 
 Бо дили ором рафтӣ ходими халқи Худо
 Гаштаӣ ҷовид бо меҳри Аливу Мустафо(с)
 
 Ин баҳори ҳақпарастон ботароват ҷовидон
 Аз Хумайнӣ ҳаст иззат аҳли имонро нишон
 
 Раҳмати Ҳақ доимо бар лолаҳову боғбон
 Бӯи атри бандагӣ бингар, ки мегардад аён
С. М.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст