Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Ҳама ҷо куфру дурӯғ
Ҳама ҷо зулму ситам
Чеҳраи мардуми шаҳр
Ҳамагӣ ояи ғам

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Қасрҳо қасри бало,
Ҳокимаш ташнаи хун
Мардуми шаҳр фақир
Ҳама дар банду забун

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Ҳаққашон қисмати гург
Фаршашон хоки замин
Ҳама дар ранҷу азоб
Ҳокимаш кохнишин

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Дар ҷавоби як нидо,
Халқе омад ба хурӯш
Гуфт: Ҳон, эй зану мард,
Ҷомаи разм бипӯш

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Рӯзи қиём асту ҷиҳод
Куштани деви бадниҳод
Рисолати Муҳаммад аст
Аз ту ҷаҳон бар ту маод

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
 
Халқ бедор шуданд
Ҳама омодаи ҷанг
Синаҳо мисли сипар
Ҷилави тиру туфанг

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Ҳама омодаи разм
Беҳарос аз ғами нон
Нақш баст рӯи замин
Хуни ҳар пиру ҷавон

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Кохи Иблиси замон
Гашт вайрону хароб
Орзуҳои муҳол
Ҳама шуд нақши бар об

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Касби озодиву ҳақ
Шуд қиёми зану мард
 На мусалсал на туфанг
Чораи кор накард

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Рамзи пирӯзии халқ
Азми чун оҳани мост
Дайни хуни шуҳадо
Ҳама бар гардани мост

Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...
Аллоҳ, Аллоҳ, ту паноҳӣ бар заифон ё Аллоҳ ...

Хонандаи суруд: Ҳотиф
Оҳангсоз: Алии Дурахшон
http://parstoday.com/fa/iran-i160394
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст