Сукути ишқ дар ҷонам садо рехт,
 Чӣ файз омад ба дастонам дуо рехт.
 
Магар имшаб шаби қадр аст ёрон,
 Ба ҷонам аз само нури Худо рехт.
 
Худо он дам, ки одам офарида,
 Фурӯзон оташе дар ҷони мо рехт.
 
Дилам дар сина буд, то бо ту будам,
 Ту рафтӣ, ман надонам дил куҷо рехт?
 
Нигар бо чашми дил боре ба сӯям,
 Ки ашки ман ба поят бесадо рехт.
 
Бидеҳ ҷомӣ, аё соқӣ куҷоӣ?
 Ки ишқ омад ба дил шӯру наво рехт.
 
Ману дасти ғазал имшаб ҳам оғӯш,
 Сукути ишқ дар ҷонам садо рехт.
Дилбарбонуи Яъқубдухт
Аз табори офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ.30
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст