Худовандо, ғарибонро нигаҳ дор!
Ки ранҷу зулм бар онҳост бисёр
Паноҳу такягоҳи ин азизон
Туӣ эй меҳрубон, қодир ба ҳар кор
Дили пурғуссае аз қиссаи дард
Куҷо гӯянд? Ҷисму ҷони афгор
Зи номардон нигаҳ дор мардҳоро
Ки чашми модарон бар роҳашон чор
Зану фарзанд доим мешуморанд
Тамоми лаҳза бо умеди дидор
Агар кошонаро осоише ҳаст
Ту ҳастӣ пурталошу чашм бедор
Дуогӯянд баҳри муниси худ
Худоё, тандурусташ назди мо ор
Ҳар он ки луқмаи нонат бигирад
Шавад дар ҳар ду олам бегумон хор
Худоё, шоми тораш кун мунаввар
Саодат бо саломат баҳри ӯ ёр
Абдусалом