Овои ту бишнидаву хушнуд шудам
Ман қатра будам, ғурури шаҳруд шудам
Бишнидаам Иброҳиму асрори варо
Ҳайрони гули оташи Намруд шудам
***
Илоҳӣ, рӯҳи покаш шод бошад
Хуросони куҳан обод бошад
Шаҳаншоҳи мулуки илму ирфон
Аҷаб марде ба адлу дод бошад
***
Чӣ мулки пурсафо дорад Хумайнӣ
Ба дил меҳру вафо дорад Хумайнӣ
Равад бар роҳи Қуръону Муҳаммад (с)
Худои раҳнамо дорад Хумайнӣ
***
Хумайнӣ офтоби зарфишон шуд
Фурӯғи илми ин кавну макон шуд
Дар ин дунёву фардои қиёмат
Накӯмарди биҳишти ҷовидон шуд
***
Дар масҷиди Қиблатайн бо номи Худо
Бардошта дасти хеш аз баҳри дуо
Бар ҷумлаи муслимин талабкор шудам
Бахту шарафу саодату амну сафо
Назокати Сафар