Натиҷаи пойдорӣ
Ҷудо шуд яке чашма аз кӯҳсор
Ба раҳ гашт ногаҳ ба санге дучор
Ба нармӣ чунин гуфт бо санги сахт:
Карам карда роҳе деҳ, эи некбахт!
Ҷаноби аҷал к-аш гарон буд сар
Задаш силиву гуфт: Дур, эй писар!
Нашуд чашма аз посухи санг, сард
Ба кандан даристоду ибром кард
Басе канду ковиду кушиш намуд
К-аз он санги хоро раҳе баргушуд
Зи кушиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид
Ба ҳар чиз хоҳӣ камоҳӣ расид
Бирав коргар бошу умедвор
Ки аз яъс ҷуз марг н-ояд ба бор
Гарат пойдорист дар корҳо
Шавад саҳл пеши ту душворҳо
Маликушшуаро Баҳор
- بازدید: 1233