Оинаи ҳайронӣ
Тафсири намози шаб шуд қиссаи гесӯят
Печид чу атри гул, дар шаҳр ҳаёҳӯят.
Дар бод саворе ҳаст, овозаи ёре ҳаст,
Меҳроби дуои мо шуд қаблаи абрӯят.
Эй дӯст, куҷоӣ ту? Доғем барои ту,
Бигзор ба рақс оем бо даф–дафи ҳӯ–ҳӯят.
Дирӯз агар бигзашт, бигзор, ки бигзорем,
Имрӯз канори хум сар бар сари зонуят.
Кишту самаре бояд, чашмони таре бояд,
Эй дил, дили беҳосил, ку санги тарозуят?
Оинаи ҳайронам, андӯҳу парешонам,
Тафсири намоз шаб шуд қиссаи гесӯят!
Муҳаммадалии Аҷамӣ
- بازدید: 1312