Имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол дурӣ рӯзи 12 Баҳманмоҳи соли 1357ҳ.ш. (1/2/1979) аз Париж ба Теҳрон омад. Рӯзи 22 Баҳманмоҳи соли 1357ҳ.ш. (12/2/1979) Инқилоби Исломии дар Эрон ба пирӯзӣ расид. Аз ин рӯзҳо ба номи “Даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломӣ” дар Эрон ёд ва аз он ҳар сола таҷлил мешавад. Имсол чиҳлумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон аст. Дар он айём шеърҳои ҳамосӣ ва инқилобии ба ёд монданӣ хонда мешуд ва ба мардуми мусулмон шуру нишот медод. Яке аз он шеърҳо тақдими шумо мегардад, ки баёнгари шуру ҳоли он рӯзҳост.
Бӯи гули савсану ёсуман ояд
Атри баҳорон кунун аз ватан ояд
Ҷон зи тани рафта боз сӯи тан ояд
Раҳбари маҳбуби халқ аз сафар ояд
Дев чу берун равад фаришта дарояд
Дев чу берун равад фаришта дарояд
Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр
Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд
Ҳар чӣ муҷоҳид зи банду ҳабс дарояд
Умри фасоду ситам дигар ба сар ояд
Чашми Язиди замон зи ҳалқа дарояд
Раҳбари маҳбуби халқ аз сафар ояд
Дев чу берун равад фаришта дарояд
Муҳаммадалии Абровез