Бӯи Мустафо(с)
З-ин мард, ки бӯи Мустафо(с) меояд
Бӯи Алӣ(к) он шери Худо меояд
Бар гӯши дил аз ғайб нидо меояд
К-ин мард зи кӯи Карбало меояд
Ин мард, ки дар сина дили бино дошт
Дар нахли вуҷуд оташи Сино дошт
Ишқаш ба даруни синаи мо ҷо дошт
З-ин рӯ зи фироқаш дили мо ғавғо дошт
Мирзо Юсуфи Фозил
Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи имом Хумайнӣ, саҳ.24
- بازدید: 1288