Тан додааст чашми ҳарифон чу хобро
Ғофил шуданд ҷумла, ифофу ҳиҷобро
 
Бе банду бор зан чу бурун омад аз ниқоб
Аз душманон гирифт тариқи итобро
 
Чун моҳвораҳо ба Худо ҳамла мекунанд
Ҳуш дор зан фурӯ шудану манҷалобро
 
Эй беҳиҷоб аз чӣ кунӣ ҷилваи дурӯғ
Во додаӣ зи даст, ҳисобу китобро
 
Ҳамчун гуҳар, миёни садаф бош, эй азиз
Урён мабошу тан надеҳ ин изтиробро
 
Аз домани ту мард ба меъроҷ меравад
Гул бошу пардадории бӯи гулобро
Амири Омилӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст