Қалами даст, ки тасвиргари рӯи ту буд
Ки халоиқ ҳама хамгаштаи абрӯи ту буд
 
Бе ту натвон ба ҷаҳон чашм гушодан хуршед
Зи кӯҳи қуллаи тан шир-шира гесӯи ту буд
 
Ба ҷаҳон нест дигар мисли ту фархундасиришт
Зинда ҷонам ба дил аз ҳиммати ҳу-ҳу-и ту буд
 
Чӣ зиёе ба дил аз чашми ду ангури ту рехт?
Чӣ навое ба дил аз нағмаи дилҷӯи ту буд?
 
Дар зарофат набувад ҳеҷ касе чун ту зариф
Малаку ҳуру парӣ саҷдагари кӯи ту буд
 
Сари мӯе шуда бин ин дилам аз қиссаи ту
Чӣ кунам гар дили ман дӯр зи паҳлӯи ту буд
 
Бидамӣ бар дили ҳар мурда нафас ҳамчу Масеҳ
Чӣ хате бар дилам аз хомаи абрӯи ту буд
Муҳаммад Холиқ
Аз табори офтоб, саҳ. 13
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст