Боронӣ омадӣ
Туфонӣ рафтӣ
Боронӣ омадӣ аз дарёчаи сабзи ояҳо
Бо табассуми тулӯъ
Аз маъбари рӯъёии абрҳо
Атри ошиқонаҳои биҳиштӣ
Ва ранги мастӣ аз ҷамоли Худо овардӣ
Ба Эрони рӯҳам
Шукуфаҳои инқилоби орифона пошидӣ
Уфуқи тахайюли маро
Пур аз маҳтобии гулҳо
Ва кавкабии болҳои шаҳпаракона кардӣ
Эй сокини сапедаи борони азал
Ғарибии ашкамро
Мегирям
Дар фироқи амвоҷи туфонии гулҳо
Ва навасони панҷаҳои барги ҳасрат
Ба гирди ғунчаҳои сар
Ва маҳшари обҳои хурушондида
Дар равзае, ки
Биҳишти Заҳрост!
Доро Наҷот
Муштоқиву маҳҷурӣ, саҳ.81-82; Аз табори офтоб, саҳ. 11-12
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст