Эй шамъи бофурӯғ, ки дар қалби мостӣ,
Оре, ту мавҷи нури азал аз Худостӣ!
Дунёи ишқ бо ту Хумайнӣ сафо гирифт,
Вақти намоз масти рухи кибриёстӣ!
Андар паноҳи лутфи Ҳақ аз зикри ояҳо,
Дар олами суҷуд ба мо раҳнамостӣ!
Муршид ба ақл гаштаву як умр ёри ҳақ,
Чун дар ба баҳри дини мубин пурзиёстӣ!
Ин олами вуҷуд ба тамсил ҳақ бувад,
Гуфтӣ: «Ҳар ончӣ ҳаст ба ҷуз ҳақ, фаностӣ!
Дар ваҳдати вуҷуд ғинову камол ҳаст.
Бингар ба чашми ақл, агар ёри мостӣ!»
Гардидааст олами дин аз ту пойдор,
Ҳаққо зи сидқ вориси Оли Абостӣ!
Ҳарчанд дар ҳаёт ту имрӯз нестӣ,
Дар мағзи ҷони мардуми ориф ту ҷостӣ!
Марҳум Абдуллоҳ Қодирӣ (Мумтоз) (1936-2009)
Муштоқиву маҳҷурӣ, саҳ.77; Аз табори Офтоб, саҳ.8
Дар асари ҳузури миллионии мардуми мусулмони Эрон бар зидди шоҳ ва безорӣ аз ҳукумати меросӣ ва ситамкори шоҳӣ ва талаби барпоии ҳукумати исломӣ рӯзи 16 январи 1979 шоҳи Эрон маҷбур шуд кишварро барои ҳамеша тарк кунад ва бигурезад ва рӯзи 1 феврали 1979 имом Хумайнӣ аз Порис ба Теҳрон баргашт ва 5 миллион нафар аз ӯ истиқбол карданд ва рӯзи 11 феврали 1979 пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон эълон шуд. Аз замони омадани имом Хумайнӣ то эълони пирӯзӣ 10 рӯз гузашт. Дар Эрон ин даҳ рӯзро "Даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон" меноманд ва ҳар сол ҷашн мегиранд ва онро бузург медоранд. Чиҳил сол аз умри Инқилоби Исломии Эрон мегузарад. 1979-2019