Аз мост, ки бар мост!
Ин дуди сияҳфом, ки аз боми ватан хост,
аз мост, ки бар мост!
В-ин шӯълаи сӯзон, ки баромад зи чапу рост,
аз мост, ки бар мост!
Ҷон гар ба лаби мо расад, аз ғайр нанолем,
бо кас насиголем
Аз хеш бинолем, ки ҷони сухан инҷост,
аз мост, ки бар мост!
Як тан чу мувофиқ шуд як дашт сипоҳ аст,
бо тоҷу кулоҳ аст
Мулке чу нифоқ оварад ӯ яка ва танҳост
аз мост, ки бар мост!
Мо куҳначанорем, ки аз бод нанолем,
бар хок биболем
Лекин чӣ кунем, оташи мо дар шиками мост
аз мост, ки бар мост!
Ислом гар имрӯз чунин зору заиф аст,
з-ин қавми шариф аст
На ҷурм зи Исо на тааддӣ зи калисост
аз мост, ки бар мост!
Даҳ сол ба як мадраса гуфтему шунуфтем,
то рӯз нахуфтем
В-имрӯз бидидем, ки он ҷумла муаммост,
аз мост, ки бар мост!
Гӯем, ки бедор шудем! Ин чӣ хаёлест?
бедории мо чист?
Бедории тифлест, ки мӯҳтоҷ ба лолост
аз мост, ки бар мост!
Аз химиву ҷуғрофиву таърих, нуфурем
аз фалсафа дӯрем
В-аз қолаву инқулт, ба ҳар мадраса ғавғост
аз мост, ки бар мост!
Гӯянд Баҳор аз дилу ҷон ошиқи ғарбист
ё кофири ҳарбист
Мо баҳс наронем дар он нукта, ки пайдост
аз мост, ки бар мост!
Маликушшуаро Баҳор
- بازدید: 2139