Айби мусулмон бикунанд!
Абр гирён, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Барфу борон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Барқи шамшери ғазаб боз кашад ҳар гоҳе
Раъд ғуррон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Аз табаҳкориву найранги худобехабарон
Қаҳтии нон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Қимати мол бихезад ба гаронӣ боло
Ё худ арзон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Равнақи фисқ агар омири дилҳо гардад
Заъфи имон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Нокасоне, ки ҷаҳон зери тасарруф доранд
Шӯри туфон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Хотири лурд агар ҷамъ намояд макре
Ҳам парешон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Фитна дар олами пурҳодиса ҳоким гардад
Макри шайтон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Аз пайи маҳви башар аз ҳама ақсои ҷаҳон
Аҳду паймон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Касрати ҷабру ситам бо ҳама қудрат, ки дар ӯст
Бар мусулмон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Таркише рӯй диҳад, ё ки мабодо ногаҳ
Тирборон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Зиллати рӯи ҷаҳон феъли сияҳкорон аст
Даъвӣ аз он, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Ин чӣ ҳолест, ки бар рағми мусулмон то ҳаст
Ҳар чб фармон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!
Аҳлиддини Ҳисорӣ
Фаслномаи Рӯдакӣ, (1391 ҳ.ш.) саҳ. 97-99
- بازدید: 1212