چاپ

Мусулмонем, аммо оҳ аз ингуна мусулмонӣ
Насиби мо нашуд ғайр аз парешонӣ-парешонӣ

Надонистем аз Ислом ҷуз нафрину ҷуз нафрат
Нафаҳмидем аз дини Худо ғайр аз раҷазхонӣ

Чунон бегонагон аз ҳам ҷудо афтодаанд имрӯз
Ба макри нобародарҳо бародарҳои имонӣ

Бародарҷон, бидон Юсуф, азизи Миср хоҳад шуд
Агарчӣ чанд рӯзе ҳам шавад дар чоҳ зиндонӣ

Мабодо то бародарро даруни чоҳ андозем
"Яҳудо", ки надорад сарнавиште ҷуз пушаймонӣ

Қадам бардор бо мо дар сиротулмустақим акнун
Ки аз поён ин бероҳаҳо чизе намедонӣ

Садое аз Ҳиро меояд инак, гӯш биспоред
«Мусулмонон, мусулмонон, мусулмонӣ, мусулмонӣ»
Муҳаммади Мирзоӣ
بازدید: 1405