Хоҳарам, бедор бош!
Дар хиёбон чеҳра ороиш макун!
Аз ҷавонон салби осоиш макун!
Зулфи худ аз рӯймол берун марез
Пеши чашмон ин ҳама афсун марез
Ёд кун аз маргу аз рӯзи ҳисоб
Ҷилваҳоят оташи сӯзон кабоб
Нест бод он кас, ки бо дин ҷанг кард
Зиндагиро баҳри занҳо танг кард
Он забону он қалам к-аз заҳр пур
Гашта аз лутфи Худову халқ дур
Пайрави шайтону шаҳват гаштаанд
Беасолат бемурувват гаштаанд
Хоҳарам, бо пӯшиши худ устувор
Бин бародар дар ҳимоят беқарор
Хоҳарам дигар ту кӯдак нестӣ
Фоштар гӯям арӯсак нестӣ
Хоҳарам, бар тан либоси танг чист?
Пӯшиши ноқису рангоранг чист?
Хоҳарам, ин қадр таннозӣ макун
Бо Худову халқ ту бозӣ макун
Хоҳарам, эй ахтари рӯи замин
Ин ҳама шайтони инсу ҷин бубин
Холиқат бошад туро пушту паноҳ
Сатри аврат кун, амон аз ӯ бихоҳ!
- بازدید: 1510