Пӯшиш - арзиши туст!
Рӯймоли калони зеборо,
Хоҳарам, бо ғурур бар сар кун!
На хиҷолат бикаш на ғамгин бош,
Пӯшишат арзиш аст, бовар кун!
Бӯи Заҳрову Маряму Ҳоҷар
Аз вуҷуди ту бин, сарозер аст
Бишканад он қалам, ки бинвисад:
Рамзи бегона, дасту по гир аст
Рӯи боли фариштаҳо гӯӣ
Ҳифзӣ аз роҳи дур меоӣ
Кӯрии чашмҳои беиффат
Мисли як кӯҳи нур меоӣ
Ҳифзу пӯшида дар садаф бошӣ
Арзишу шаъни хеш медонӣ
Бовиқориву мисли як хуршед
Пушти як абри тира мемонӣ
Хастаӣ аз нигоҳи олуда
Гоҳе чашмони пур зи нам дорӣ?
Накунад фикри ин кунӣ шояд,
Чизе аз дигарон ту кам дорӣ!
Самти ҷории обҳо рафтан
Ҳунари ҳар шиногаре бошад
Ту вале боз истиқомат кун
Пеши рӯ ҷои беҳтаре бошад
Пар бикаш самти авҷ медонам
Ки Худо бо ту ҳаст дар ҳама ҷо
Пар бизан чодарат туро бол аст
Донӣ ҳар лаҳза меравӣ боло
Дар замоне ки шаъну арзиш ҷуз
Беҳаёиву ҳоли нангин нест
Сатри аврат намову собит кун
Арзиши воқеии зан ин нест
- بازدید: 1182