Худоё, беватан мемирам охир
Ва бе гӯру кафан мемирам охир
Агарчӣ ваҳдати ҷону танам ҳаст
Парешон ҷону тан мемирам охир

Ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин
Лагоми ёваро сар дода имрӯз
Даҳоншон каф кунад аз доду фарёд
Ба хилват лек хомӯшанду мармуз...

Ман аз пиндорашон огоҳам, эй ёр
Ман аз фарёдашон безорам, эй дӯст
Ва ин бегонагони худнаморо
Ба гӯристон надидан низ некӯст...

Шигифт ояд маро з-ин ҳуққабозон
Ки дар пиндори худшон беназиранд
Ба зоҳир подшоҳу хону султон
Ба ботин лек ноаслу ҳақиранд...

Дар ин давлат, ки мо давлат надорем
Ватан бозичаи дасти дигарҳост
Ман он дардам, ки дармоне надорад
Ман он мардум, ки бедор асту танҳост...
Марҳум Искандари Хатлонӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст