Кош!
Кош ҷои ғуссаҳо лабханд буд
Пои ланги ғуссаҳо дар банд буд
Зери чатри бекарони лаҳзаҳо
Зиндагӣ холӣ зи чуну чанд буд
Кош ҷои нафрату бадбиниҳо
Ишқ моро ҳамчу гарданбанд буд
Гарчи беғам зиндагӣ берангу бӯст
Кош ғам бо шодӣ хешованд буд
Кош марзе дар миёни мо набуд
Рӯҳу ишқу синаро пайванд буд
Мо агарчи мисли ҳамдигар, вале
Кош сиратҳои мо монанд буд
То наяфтад сояе бар корҳо
Ишқ моро худ ҳазориспанд буд
Гӯши мо аз бонги харҳо кар шуда
Кош ҷои ин нидо як панд буд
Оҳ аз гуна суханпардозиҳо
Кош тоҷик ҳам суханпайванд буд
Ман намебинам касеро меҳрубон
Кош паҳлӯям яке дилбанд буд
Фирдавси Аъзам
کاش
- بازدید: 1192