Як соли умри мо гузашт
Аз мо ризову норизо як соли умри мо гузашт.
Ҳам бобаҳо ҳам бебаҳо як соли умри мо гузашт.
Гармову сардияш чӣ шуд андуҳу шодиаш чӣ буд?
Шуд ину онаш ҳам фано як соли умри мо гузашт
Ранҷондаву ранҷидаем ҳам хубу бадро дидаем.
Ранҷидаҳо ранҷондаҳо як соли умри мо гузашт.
Бас тоқҳо, ки ҷуфт шуд, бас ҷуфтҳо, ки тоқ шуд.
Ҳам бовафо ё бевафо як соли умри мо гузашт.
Дар ҷодаҳои зиндагӣ, шармандагӣ ё бандагӣ.
Бо ошно бе ошно як соли умри мо гузашт.
Шуконаи неъмат намуд парҳез аз зулмат намуд
Гаҳ бо хато ё бе хато як соли умри мо гузашт.
Аз рӯз бояд сол кард аз сол ҳам иқбол кард.
Умри шумоёнро бақо як соли умри мо гузашт
Дорам умеди бекарон аз ин Худои меҳрубон
Поёни мо неку намо як соли умри мо гузашт
- بازدید: 2343