Бӯи Худост мевазад аз ҷониби Яман
Аз юмни ишқ роиҳааш мерасад ба ман
Аз ҳам гусаст силсилаи ғурбати насим
Пур шуд машоми ҷони ман аз бӯи пираҳан
Бедорӣ аст равшании чашми ошиқон
Оед пешвоз, ки баргашта бар ватан
Дар ҷӯи хуни хеш биғалтед ошиқон!
Покиза бод ҷомаи ҷон аз ғубори тан
Хун нест ин, ки рехта ҳар гӯшаву канор
Аз осмон башорати сурхист бар чаман
Дорад баҳор мерасад аз роҳ, бингаред!
Ҷанноти адн ҷилвагарӣ карда дар Адан
Гӯшам хуши ривояти фатҳи дубора аст
Оёти наср мешунавам гӯш кун ба ман
Дил хонаи Худост на ҷои нифоқу ширк
Фархунда бод мавсими аз бут туҳӣ шудан
Чун рӯз равшан аст, ки наздик шуд тулӯъ
Омад замони аз паси зулмат баромадан
Он гоҳ боз бонги аналишқ мезанад
Дар осмони шабзада хуршеди шабшикан
Иннӣ ашамму роиҳаталишқ, бишнавед!
Бӯи Худост мевазад аз ҷониби Яман
Мубини Ардистонӣ