Якест
Роҳ бисёр аст, аммо мақсаду раҳбар якест
Гарчи ҳафтоду ду дин дорем, пайғамбар якест
Юсуфи Мисриву Бенёмини Канъонӣ шудем
Мо бародарҳои дӯрафтодаро модар якест
Мисли Қуръон ҷузъ-ҷузъи мо ҷудо афтодааст
Боз ин сӣ пораро шерозаву дафтар якест
Ихтилофи ранги мо аз ихтилофи реша нест
Решаҳои ғунчаи сабзу гули аҳмар якест
Ин, ки мо як қибла дорему ҳазорон эътиқод
Яъне ин ки бо ҳама нобоварӣ, бовар якест
Хуб чашматро агар рӯи ҳақиқат во кунӣ
Вазнаи пилки ту бо вазни дари Хайбар якест
Роҳҳо гирам яке бошад, вале поҳо дутост
Чашмҳо гирам ду то бошад, вале манзар якест
Меравад қурбон Исмоил то собит кунад
Пеши Иброҳим, меҳри Сораву Ҳоҷар якест
Сулҳ байни ин бародарҳо нишони ваҳдат аст
Сулҳ яъне ин ки парчамҳои сад кишвар якест
Ҳарчи бошад боз ваҷҳи иштироки мо Худост
Ӯ, ки аз аввал яке будаасту то охир якест
Муҳаммад Зореӣ
- بازدید: 1103